ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, кормандони милитсия бо гумони содир намудани куштор дар ҳолати мастӣ сокини 41- солаи шаҳри Қайроқумро дастгир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор рӯзи 13-уми августи соли равон рух додааст.
Дар ноҳияи Спитамен мард дар ҳолати мастӣ бародарашро 16 корд зад
Гуфта мешавад, номбурда ҳангоми дар шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, дар ҳолати мастӣ ба назди зани 41 сола, ки ҷойи зисти доимӣ надорад ва муваққатан дар бинои мағозаи фарсудашуда, воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода истиқомат доштааст омада, миёнашон муноқиша сар мезанад.
Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷаи муноқишаи ба миён омада, марди 41 сола, корди ошхонагиро гирфта як чанд маротиба ба аъзои бадани зани номбурда зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида аз сабаби ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз руйи ҷинояти мазкур тафтишот идома дорад.