ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар пойтахт марди 23-сола бо корд захмӣ намудани ҷавони 21 сола дастгир шуд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир шудааст.
Номбурда, рӯзи 10-уми августи соли равон ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро зери лату кӯб қарор дода, бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба рони пояш задааст.
Боздошти марди 59-сола барои латукӯб дар ҳолати мастӣ
“Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид намуд ВУД Тоҷикистон.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран марди 44- солаи сокини маҳаллаи Доманакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суйиқасд ба ҷон дастгир карданд.
Ҷаримаи Ҷонибек, ки ҳангоми мастӣ дар Душанбе худро бардурӯғ милиса гуфтааст
Манбаъ хабар дода буд, ки номбурда рӯзи 27-уми июли соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.
"Дар натиҷа, бародари ҷабрдидааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст", - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.