ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишварро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Тавре манбаъ таъкид намудааст, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.
“Ин ноҳия давоми беш аз 20 сол аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пешравиҳои зиёд дорад”, - зикр намудаст манбаъ.
Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳалӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.