ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Имрӯз, 20 август, доктори илмҳои тиб, профессор Насим Олимзода зодрӯз дорад.
Олимзода Насим Хоҷа 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.
Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар риштаи бемориҳои дил (кардиология) дифоъ намудааст.
Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси табиби кардиологи Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши "НАҶОТ"-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2009 рисолаи докториро дар соҳаи дилшиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқоти профилактикии шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҳимоя кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.