ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, Олимзода бо таъкиди ройгон будани ёрии фаврии тиббӣ, масъулинро муваззаф кардааст, ки назоратро дар ин бахш пурзӯр намоняд.
“Бояд табибон худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбати давлату Ҳукумати кишвар набояд ба миён оваранд. Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қуттиҳои ёрии аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд”, - таъкид намудааст вазир.
Ӯ таъкид намудааст, ки назорати ин бахшро баъди паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон боз ҳам ҷиддитар мекунад.
Олимзода 27 декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3 январ бо масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаи корӣ таъин кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи равон вазири тандурустӣ ба муассисаҳои тиббии навоҳии дурдаст - Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим кард.
Мошинҳои мазкур, ҳар яке бо нархи 282 000 сомонӣ баробар ба 30 000 доллари ИМА, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардааст, харидорӣ шуданд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, мошинҳои мазкур аз ҷониби ширкати “Ормон” ворид шуда, тамғаи “Фотон”, истеҳсоли корхонаи мошинсозии Чин, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.