ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёду ифтитоҳи 324 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша мақомоти ноҳия дар соли равон сохтмону навсозии 158 адад биною иншоот дар назар дошта шудааст.
“Инчунин дар соли оянда 79 адад ва дар соли 2021 сохтмону навсозии 36 адад иншооти гуногун дар назар аст. Дар соли гузашта дар ноҳия 51 иншоот бунёду навсозӣ шуданд”, - таъкид дошт манбаъ.
Спитамен ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон омодагӣ мегирад
Ҳамзамон мақомоти Хатлон қайд намудаанд, ки айни замон дар 64 иншооти хурди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ҷониби соҳибкорон ба итмом расонида мешаванд.
То соли 2021 дар ноҳия сохтмони 11 мактаби, 56 синфхонаи иловагӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, 15 коргоҳи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва сохтмони дигар иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.