ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Раисиҷумури Тоҷикистон Бонки миллӣ ва "Амонатгузорӣ " - и Тоҷикистонро вазифадор кард, то соҳибкорони истеҳсолиро дастгирӣ карда, ба онҳо бештар қарз диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ гуфт, бо вуҷуди он, ки Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ аст, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз иқтидорҳои ноҳия дар самти ривоҷ додани соҳаи саноат, махсусан, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷи ангишт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд
Бино ба гузориши котибот, раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки барои ин доир ба афзоиш додани ҳаҷми карздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
"Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-ро зарур аст, ки барои дастгирӣ намудани соҳаҳои иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, алалхусус, Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми қарздиҳиро зиёд намуда, дастрасии соҳибкорону аҳолиро ба воситаҳои молиявӣ таъмин намоянд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард
Кишвардор афзуд, ки тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба ноҳия 1 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 фоиз камтар аст.