Ҷаҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нархи чиптаи ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Русия боло рафта, феълан арзиши чиптаи Душанбе – Маскав то 3500 сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи нархномаҳои ширкатҳои чиптафурӯшӣ дар интернет арзиши парвоз аз Душанбе ба Маскав тариқи ҳавопаймои ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "ЮТэйр" тайи ду ҳафтаи оянда аз 2900 то 3500 сомониро ташкил медиҳад. Мусофирон аз Тоҷикистон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят кардаанд, ки нархи чипта ба Русия марзи 3 ҳазор сомониро убур кардааст. Қаблан нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин масир ҳудуди 2200 сомониро ташкил медод.

Авиабилеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тайи ду моҳ дар Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо то 53 дар сад боло рафтааст

Ин дар ҳолест, ки тақрибан ҳамасола дар арафаи соли нави хониш нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе – Маскав боло меравад. Масъулини дӯконҳои чиптафурӯшӣ болоравии нархро ба афзоиши талабот дар мавсими бозгашти донишҷӯён ба макони таҳсилашон дар Русия рабт медиҳанд.

Дар ҳоле, ки ба далели гаронии нархи чипта бисёре аз мусофирон дар Тоҷикистон майл ба истифодаи хатсайрҳои кишварҳои ҳамсоя кардаанд, Икром Субҳонзода, раиси Ожонси авиатсияи граждании кишвар моҳи гузашта зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо масъулини ширкатҳои фаъол дар кишвар мулоқот карда, дастур додаанд, ки ба таври сунъӣ ба болоравии нархи чипта роҳ надиҳанд.

Ба гуфтаи Субҳонзода, ниҳоди тобеяш пайваста нархи чиптаи ҳавопайморо назорат мекунад. Ӯ гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистонро ба гаронии нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт дод.

Раиси Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, тибқи ҳисобукитоб таркиби нархи чиптаи ҳавопайморо аз 40 то 45 фоиз арзиши сӯзишворӣ ташкил медиҳад ва чун маводи сӯхти воридотӣ дар кишвар гарон аст, нархи чипта низ нисбатан қимат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0