ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тайи ду моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1,2 дар сад нархҳои истеъмолӣ боло рафта хизматрасониҳои пулакӣ ба мардум низ қимат шудаанд, иттилоъ додааст Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон.
“Соли гузашта дар ҳамин давра беқурбшавӣ дар бахши истеъмолии кишвар 0,3 дар садро ташкил медод. Молҳои озуқаворӣ дар моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ 2,3 дар сад боло рафтаанд, хизматрасониҳои пулакӣ барои аҳолӣ – 1%, вале молҳои ғайриистеъмолӣ баракс 0,6% арзон шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамин тариқ қимати чиптаҳои ҳавопаймо 53% ва аз қатор бошад 2,9% боло рафтаанд. Хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо 1,8 дар сад боло рафатаанд, арзиши хизматрасонӣ дар сартарошхонаҳо бошад то 0,4 фоиз нисбати соли гузашта гарон шудаанд.
Масалан, аз маҳсулоти озуқаворӣ нархи капуст то 23,5 дар сад ва пиёз бошад то 20,5% қимат шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли равон дар бозорҳои Тоҷикистон нархи меваю сабзавоти воридотӣ хеле баланд шуд. Ба болоравии нархи маҳсулот бориши зиёди барф дар кишвар сабаб дониста мешавад. Бо боридани барфи зиёд роҳҳои асосии кишвар банд шуда маҳсулоти лозима вориди Тоҷикистон нашудаанд.
Аз ин сабаб маҳсулоти якум, ки ҳосили гармхонаҳо аст ба бозор ворид нашудааст. Нархи маҳсулоти дохилӣ арзонтар аст, аммо аз сабаби роҳбандӣ мардум маҷбур аз маҳсулотҳои хориҷӣ харидорӣ намудаанд, ки гаронтар аст.