Панҷараҳоро шикасту пиёдагардонро зер кард: бархӯрди маргбори “Опел”-ҳо дар Хуҷанд

© SputnikМакони бархӯрди маргбори "Опел"-ҳо дар шаҳри Хуҷанд
Макони бархӯрди маргбори Опел-ҳо дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори “Опел-Зефира” бо “Опел-Вектра” хабар дод, ки аз зарби он “Опел”-и дуюм чаппа шуда, бо шикастани чароғаку панҷараи канори роҳ, ду пиёдагардро зер намудаст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса соати 03:50-и 18 август рух додааст.

Одна из улиц Дангары - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати занони солхӯрда дар пайи бархӯрди “Тойота” ва “Камаз” дар Данғара

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, шаҳрванд И.Турсунов истиқоматкунандаи маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар чорроҳаи кӯчаи Р.Ҳоҷиев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Ш.Мерзаеви 19-сола бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, дар пайи бархӯрд “Опел-Вектра”, аз роҳ баромада чаппа шуда, пиёдагардон - М.Ашуров, соли таваллудаш 1976 ва Ш.Иномовро зер кардааст.

Пиёдагардон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд ва Ашуров дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода

РВУД дар вилояти Суғд мегӯяд, “Опел-Зафира”, таҳти идораи сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд қарор дошт. Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Қаблан роҳбарияти РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 124 садама, аз ҷумла 38 садамаи ҳалокатовар ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, бар асари садамаҳо 49 нафар ҳалокат расида, 138 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар шашмоҳаи аввали гузашта, теъдоди ҳалокшудаҳо дар сонеҳаҳои нақлиётӣ ба 43 нафар баробар шуд.

Лентаи хабарҳо
0