Ҳалокати занони солхӯрда дар пайи бархӯрди “Тойота” ва “Камаз” дар Данғара

© Sputnik / Амир ИсаевОдна из улиц Дангары
Одна из улиц Дангары - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор – бархӯрди “Тойота” бо “Камаз” дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки нисфирӯзи 18-уми август рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота кемрӣ”, Турсатов А, донишҷӯӣ соли 4-уми Донишгоҳи давлатии Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кучаи М.Турсунзода ба самти кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини “Камаз-65115С” бархӯрдааст.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав автобуси ҳомили сайёҳон аз Осиё, ба садама дучор шуд

“Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” шаҳрвандон - Г.Раҷабова соли таваллудаш 1943 ва Ш.Азимова соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандагони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Садамаи дигари маргбор дар вилояти Хатлон, 18-уми август дар ноҳияи Восеъ рух додааст, ки бо марги кӯдаки 5-сола анҷомид.

“Ронандаи “Опел-Астра”, Ашурмад Туйдаков, соли таваллудаш 1967, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ноҳияи Восеъ-Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол С.Исуфови 5 соларо, ки истиқоматкунадаи ҷамоати деҳоти Кулоб мебошад, пахш намудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Исуфов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВУД таъкид кард, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо феълан идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0