Ҷосуси Тоҷикистон нестам: ноиби сарвазир “Азия Нюс”-ро ба додгоҳ кашиду ҷубронпулӣ хост

© Фото : Пресс-служба правительства КР / Сабыр АильчиевВице-премьер КР Жениш Разаков на заседании межправительственной комиссии по комплексному рассмотрению двусторонних вопросов
Вице-премьер КР Жениш Разаков на заседании межправительственной комиссии по комплексному рассмотрению двусторонних вопросов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Жениш Раззоқов, ноиби нахуствазири Қирғизистон нашрияи “Азия Нюз”-ро барои паст задани шаъну эътибораш ба додгоҳ кашида, 10 миллион сом, ҳудуди 1,4 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik.  Далели муроҷиати Раззоқов алайҳи “Азия Нюс” нашри хабарҳо дар бораи робита доштанаш бо мақомоти махсуси Тоҷикистон мебошад, хабар додаанд расонаҳои Қирғизистон аз қавли котиботи Ҳукумат. Худи Раззоқов иддао дар бораи ҷосусиро бепоя ва дурӯғ хонда буд.

Вице-премьер КР Жениш Разаков на заседании межправительственной комиссии по комплексному рассмотрению двусторонних вопросов - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти КДАМ дар бораи ҷосусии Раззоқов барои Тоҷикистон ва Шабнами Собирӣ

Қаблан Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як изҳорот ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири ин кишварро бепоя ва иғво хонда буд.

Ҳукумат иддао дар бораи ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқовро, ки моҳи марти соли равон дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон низ аз сӯи бархе вакилон садо дод, дурӯғу иғво хонда буд.

Ҳукумати Қирғизистон зикр кардааст, ки қаблан низ иттилоъ дар бораи равобити Раззоқов бо хадамоти ҷосусии Тоҷикистон дар расонаҳо паҳн мешуданд ва ҳадафи онҳо танҳо сиёҳ кардани шахсияти Раззоқов ва фаъолияти давлатии ӯ мебошад.

Манбаъ зикр кардааст, ки Раззоқов тамоми марҳилаҳои хидмат дар мақомоти умури дохилиро паси сар карда, дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд фаъолият намудааст ва баъдан роҳбари ин вилоят таъин шудааст.

Имзои суратҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси табодули замин: шарҳи Ҳукумат дар бораи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, имкон надорад, ки рабт доштани Раззоқов бо хадамоти кашшофии Тоҷикистон тайи ин муддати фаъолияташ аз назарҳо берун монад.

“Бори дигар таъкид мекунем, чунин иддао бепоя буда, оммаи мардумро ба роҳгумӣ мебаранд” – омадааст дар изҳорот.

Иддао дар бораи равобити Раззоқов ба мақомоти кашшофии Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон садо дод. Бар асоси ин иддао, ки дар расонаҳои  Қирғизистон нашр шудаанд, гӯиё равобити Раззоқов бо мақомоти Тоҷикистон замони кораш дар мақомоти умури дохилии Бодканд оғоз шудаанд. Худи Раззоқов ин иддаоро бепоя номид.

Жениш Раззоқов дар гуфтушунидҳо бо мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи марз ҳайати Қирғизистонро роҳбарӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0