Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳси табодули замин: шарҳи Ҳукумат дар бораи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон

© акс аз сомонаи Ҳукумати ҚирғизистонИмзои суратҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов
Имзои суратҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як иттилоия гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон дар масоили марзиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов 4-6 апрел дар Душанбе сурат гирифтанд.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Қирғизистон: масъалаи марзро намешавад бо зӯр ҳаллу фасл кард

“Дар ин мулоқот идомаи аломатгузории марз, имкони табодули замин дар қисматҳои оғуштаю омехта, таъмини субот дар марзи муштарак ва анҷоми таҳияи харитаҳои бузурги топографӣ баррасӣ шуданд”, - изҳор дошт Ҳукумати Қирғизистон.

Манбаъ афзуд, ки дар анҷоми мулоқот суратҷаласа ба имзо расида, ҷонибҳо омодагияшонро барои анҷоми аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ҳарду ҷониб баён доштанд.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Ба иғво роҳ додед: Жээнбеков барои таниши марзӣ бо Тоҷикистон марзбононашро танбеҳ дод

Ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, ки муайянсозии марз кафили суботу ҳамсоядории хуб дар навоҳии наздимарзӣ хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо ҳудуди 500 километраш аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мешавад, ки баъзан куштаю маҷруҳ барҷой мегузорад.  

Лентаи хабарҳо
0