ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар пинҳонкунии ҳаҷми барқи истифодашуда марди 55-сола, сокини кӯчаи Туниси шаҳри Душанберо муттаҳам мекунанд.
“Номбурда, аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумоти бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 миллиону 489 ҳазору 832 киловат соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 миллиону 158 ҳазору 17 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Нисбати марди мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, хабар дод ВУД.
Корхонаи “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, ба истеҳсоли конструксияҳои пӯлодини бинокорӣ машғул мебошад.