Нурмуҳаммадов гуфт Макгрегор бояд пушти панҷара равад

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар ин аст, ки варзишкори ирландӣ Макгрегор бояд барои авбошиаш муҷозот шавад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Варзишкори русиягӣ ва қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, муштзании Макгрегорро шарҳ дод.

Дар мусоҳиба бо TMZ Sports Нурмуҳаммадов изҳор дошт, ки барои чунин рафтор бояд Конорро равонаи зиндон кунанд, чун рафтори бади ӯ натанҳо ба варзиш балки ба мардуми атрофи ӯ низ таъсири манфӣ дорад.

"Чунин одамон бояд пушти панҷара бошанд. Ӯ ҳурмат гуфтани гап надорад. Ин барои варзиш бисёр бад аст. Баъзе аз рафтораш барои варзиш хуб аст, вале на ҳамин. Ӯ девона шуда истодааст. Ин девонагӣ аст. Имрӯз ӯ мӯйсафедро латукӯб мекунад, пагоҳ чӣ мешавад?", - гуфт Ҳабиб.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Макгрегор - варзишкори ирландӣ мӯйсафедеро, ки нахост шароби пешниҳодкардаи Конорро нӯшад, мушт зад.

Қазия аз ҷое сар мешавад, ки варзишкор ба бар ворид шуда ба ҳамаи меҳмонон, вискии истеҳсоли худро пешниҳод мекунад. Вале марди бузургсол аз нӯшидани шароб худдорӣ менамояд.

Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Макгрегор барои нанӯшидани шароб, меҳмонро мушт зад - видео

Варзишкор бори дуввум дар пеши ӯ шароб мегузорад, вале мард боз рад мекунад.

Пас аз чанд лаҳза, Макгрегор бо сабабҳои номаълум мӯйсафедро мушт мезанад.

Аҷибаш ин, ки мард ба мушти варзишкор ба ҳеҷ ваҷҳ вокуниш накарду ҳатто аз ҷояш наҷунбид. Дар ҳамон лаҳза, посбонон ба назди Макгрегор давида ӯро аз тарабхона берун мекашанд.

Мақомоти қудратии Дублин иттилоъ доданд, ки дар паи ин ҳодиса, парванда боз шудааст.

Макгрегор тафсилоти ҷанҷоли калон бо Нурмуҳаммедовро гуфт

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи ҳамин сол, варзишкори ирландиро дар Майами - Бич ба гумони дуздӣ боздошт карда буданд.

Пешбинии Ҳабиб рост баромад: Конор гуфт, ки бармегардад

Он замон пулис хабар дода буд, ки ҳаводори Конор хост бо ӯ акс гирад, вале варзишкор телефонро аз дасташ гирифта бо пояш зер кард ва пасон бо худ бурд.

Лентаи хабарҳо
0