ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, Конор Макгрегорро барои мушт задани меҳмон дар тарабхона, дар Дублин ҷарима интизор аст. Дар ин бора нашриёти Irish Sun хабар медиҳад.
Муштзании Конор Макгрегор ба навор афтод. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна варзишкор ба бар ворид мешавад ва ба ҳамаи меҳмонон, вискии истеҳсоли худро пешниҳод мекунад. Вале марди бузургсол аз нӯшидани шароб худдорӣ менамояд.
Варзишкор бори дуввум дар пеши ӯ шароб мегузорад, вале мард боз рад мекунад.
Аз навор аён нест, ки варзишкор ба мард чӣ мегӯяд, вале дида мешавад, ки пас аз чанд лаҳза, Макгрегор мардро мушт мезанад.
Аҷибаш ин, ки мард ба мушти варзишкор ба ҳеҷ ваҷҳ вокуниш накарду ҳатто аз ҷояш наҷунбид. Дар ҳамон лаҳза, посбонон ба назди Макгрегор давиданд ва ӯро аз тарабхона берун кашиданд.
Мақомоти қудратии Дублин иттилоъ доданд, ки дар паи ин ҳодиса парванда боз шудааст.
Макгрегор тафсилоти ҷанҷоли калон бо Нурмуҳаммедовро гуфт
Ёдрас мешавем, ки моҳи майи ҳамин сол, варзишкори ирландиро дар Майами - Бич ба гумони дуздӣ боздошт карда буданд.
Пешбинии Ҳабиб рост баромад: Конор гуфт, ки бармегардад
Он замон пулис хабар дода буд, ки ҳаводори Конор хост бо ӯ акс гирад, вале варзишкор телефонро аз дасташ гирифта бо пояш зер кард ва пасон бо худ бурд.