ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавошинсии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ бошад ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.