ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. СММ дар пайи таҳлили вазъи демографӣ афзоиши аҳолии Тоҷикистонро тайи даҳсолаҳои оянда пешгӯӣ кардааст.
Бар асоси гузориши СММ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 780 тифл ба дунё меоянд. Теъдоди тоҷикистониҳое, ки ҳар рӯз ин ҷаҳонро падрӯд мегӯянд, ба ҳисоби миёна 143 нафар арзёбӣ шудааст. Мутаносибан афзоиши миёнаи демографӣ дар Тоҷикистон 73 нафарро ташкил медиҳад.
Бар пояи омор мутахассисони СММ тавалуди 284 ҳазор кӯдак ва даргузашти 52 ҳазор нафарро дар соли 2019 дар Тоҷикистон пешгӯӣ намудаанд.
Тибқи пешгӯиҳои масъулини СММ, соли 2019 аҳолии Тоҷикистон ба теъдоди 205 ҳазор нафар афзоиш ёфта, ба 9,4 миллион мерасад.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар назар аст, соли ҷорӣ бо қасди ҳиҷрат тарки кишвар кунанд аз 26 то 27 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон соли 2020 дар кишвар барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст ва омодагиҳо ба ин маърака ҷараён дорад.