Таҳияи фармони Президент барои манъи муваққатии тағйири номи кӯчаю маҳаллаҳо

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПерепись населения, архивное фото
Перепись населения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулнора Ҳасанзода, раиси Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ соли 2020 тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз - тавассути интернет, планшет ва қоғазӣ гузаронида мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки феълан лоиҳаи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи санаи баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва муваққатан боздоштани ивазкунии номи кӯчаву маҳалла, деҳаҳо ва тағйироти маъмурию ҳудудӣ пешниҳод карда шуд.

Девочка плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талабандагӣ ба ҷои таҳсил: дархости СММ аз Тоҷикистон дар мавриди лӯлиҳо

Масъалаи аз ҳама муҳими давраи тайёрӣ барои гузаронидани маъракаи дар пеш истода - ин тайёр намудани маводи картографӣ мебошад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ҳасанзода.

Манбаъ афзуд, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷет барои рӯйхатгирии соли 2020 шумораи тақрибии кормандони муваққатӣ ва маводи зарурӣ барои гузаронидани ин маърака муайян карда шудааст.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар ҳар даҳ сол як бор гузаронида мешавад.

Қаблан Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон гуфт, соли 2020 зимни барӯйхатгирии аҳолӣ баробари бахшҳои дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон суол карда хоҳад шуд, ки кадом динро пайравӣ мекунанд.  Ӯ гуфт, баробари дини Ислом дар Тоҷикистон пайравони динҳои дигар низ иқомат доранд ва ҳадаф комил кардани омор мебошад.

Ғаффоров таъкид намуд, ки бар асоси қонунгузории кишвар пайравӣ аз ин ё он дин, ё умуман пайравӣ накардан ҳуқуқи инфиродии ҳар шахс буда, ин масъала озод мебошад.

Лентаи хабарҳо
0