Қаҳрамонии CAFA (U - 19) : пирӯзии навбатии мунтахаби Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболисты на поле, архивное фото
Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони зери синни 19 - солаи Тоҷикистон дар бозии навбатӣ бо тими Афғонистон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино бар хабари кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дирӯз дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.

Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Афғонистон пирӯз гашт.

Пешакӣ маслиҳат мекардаанд: Дарвозабони маъруфи тоҷик абадан аз футболи касбӣ ронда шуд

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар тими ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) заданд.

Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019

Дар бозии дигари давр Эрон ба дарвозаи тими Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.

Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

 Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони кишвар дар даври дуюм бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда буд.

Дар даври чорум имрӯз – 13 август – Эрон бо Афғонистон (соати 17:00), Тоҷикистон бо Узбекистон (20:00) вомехӯранд. 

Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Лентаи хабарҳо
0