Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе мусобиқа Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни наврасони то 19- сола баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Интизор меравад дар Душанбе пас аз анҷоми рақобатҳо миёни наврасони то 16 сола, Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни ҷавонони то 19 сола баргузор  шавад.

 Рустам Эмомали поблагодарил молодежную сборную за победу на чемпионате CAFA-2019  - Sputnik Тоҷикистон
Миннатдории Президент аз кумитаи тадорукоти CAFA-2019

Бар хабари сомонаи "Варзиш", панҷ даста аз Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Туркманистон ва Афғонистон барои муайян намудани беҳтарин байни ҳам сабқат мекунанд.

Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019

Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, мунтахабе, ки имтиёзи аз ҳама зиёдро ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин чорабинӣ як марҳилаи омодагӣ барои ҷавонони то 19 солаи кишвар ба даври интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 ба шумор меравад. 

Ғалабаи дуюми футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии CAFA-2019

Даври аввали CAFA-2019 рӯзи 9 август шурӯъ гардида, нахустин шуда мунтахаби Афғонистон бо Туркманистон ва Узбакистон бо Эрон майдондорӣ мекунанд.

Футболбозони тоҷик рақобатро аз даври дуюм рӯзи 10 август бо ҳамтоёни туркмании хеш оғоз менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0