Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт

© Sputnik / Mish SukharevНож, архивное фото
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Командони милитсия ноҳияи Қубодиён марди 29-соларо дастгир намуданд, ки дар қатли шавҳари хоҳараш гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор шаби 24 ба 25 июни соли равон дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён сар задааст.

Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.

Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зиндон ислоҳ накард: шахси маҳкумшуда дубора барои куштор дастгир шуд

Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда, шаби 24 ба 25 июни соли равон, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳари апааш, марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.

“Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, -зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки хаиран кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Конибодомро, ки пеш бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Номбурда, 24-уми июни соли равон, тахминан соати 16:00-дақиқа, бо мақсади аз қатл, ба ҳавлии истиқоматии марди 54-солаи сокини шаҳри Конибодом омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0