https://sputnik.tj/20190812/Rais-viloyati-Sugd-idgardak-Ahmadzoda-ayodat-shoir-Mirzoahmad-Jurazod--1029636169.html
Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт
Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дидори чанд собиқадори меҳнат ва шахсони ниёзманд рафта, ба онҳо кумакҳои модӣ... 12.08.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-08-12T17:23+0500
2019-08-12T17:23+0500
2021-04-22T16:44+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/60/1029636012_0:0:1025:581_1920x0_80_0_0_5ec28e781c4bb7fe44627b3031464c61.jpg
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/60/1029636012_0:0:1025:645_1920x0_80_0_0_8693b8016959175fa316be554b0401cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, раҷаббой аҳмадзода, аёдати собиқадор, аёдати собиқадорон, аёдати куҳансарбозон, шоир, суғд
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, раҷаббой аҳмадзода, аёдати собиқадор, аёдати собиқадорон, аёдати куҳансарбозон, шоир, суғд
Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт
17:23 12.08.2019 (Навсозишуда: 16:44 22.04.2021) Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба дидори чанд собиқадори меҳнат ва шахсони ниёзманд рафта, ба онҳо кумакҳои модӣ супорид
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нахуст ба манзили Русола Самадова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, ӯ ва аҳли оилаашро ба муносибати Иди Қурбон табрик кард.
Манбаъ таъкид дошт, ки Русола Самадова давоми 40 сол дар колхоз фаъолият бурда, ҳамчун пахтакори соҳибтаҷриба дар вилоят шинохта шудааст.
Аҳмадзода ба хонаи Каримҷонов ва Бегматова рафт
Сипас Раиси вилоят сокини дигари ноҳия Раъно Холматоваи 55 соларо, ки маъюби модарзод аст, аёдат карда, дар аснои суҳбат зикр дошт, ки давлату Ҳукумат ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир месозад.
“Маъюбону ниёзмандон набояд худро танҳову бекас эҳсос намоянд, зеро роҳбарияти мамлакат барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад”, - гуфт Аҳмадзода.
Тақдими кӯмакпуливу маводи ғизоӣ: Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони маъюбу ятим рафт
Ҳамзамон, раиси вилоят ба шаҳри Бӯстон рафт ва аз ҳоли собиқадори меҳнат ва шоири ваҳдатсаро Мирзоаҳмади Ҷӯразод хабар гирифт.
Мирзоаҳмади Ҷӯразоди 85-сола аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои ҳамешагӣ сипосмандии худро баён кард.