Раиси вилояти Суғд ба аёдати Оқил Оқилов рафт

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати сарвазири пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов рафтааст

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Бӯстон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид, хабар медиҳад мақомоти вилояти Суғд.

"Раиси вилоят ба манзили истиқоматии ходими сиёсӣ Оқил Оқилов ташриф оварда, зимни суҳбат аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуд ва саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард",-омадааст дар хабарнома.

Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон ба аёдати ягона генерал-зани тоҷик Саодат Амиршоева рафт

Бояд гуфт, ки Оқил Оқилов фаъолияти кории худро пас аз хатми Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Маскав оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият бурдааст. Мавсуф солҳои дароз дар мақоми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз ҳоли собиқ раиси кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод Ҷӯра Шокиров хабар гирифтааст.

Аёдатшудагон зимни суҳбатҳо бо раиси вилоят барои таваҷҷуҳи доимӣ ба  Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки чунин муносибат ва ғамхорӣ ҳар як фарди соҳибдилро водор мекунад, ки новобаста аз синну сол барои шукуфоии диёр саҳмгузор бошад.

Лентаи хабарҳо
0