ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Рӯзи 9 августи соли равон дар Муассисаи давлатии Душанбе Плаза оид ба оғози расмии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF) мизи мудаввар баргузор гардидааст.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ Насим Олимзода дар ин чорабинӣ гуфтааст, таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд тавассути амалигардонии лоиҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба рушди самтҳои гуногуни соҳа мусоидат намуда истодааст.
"Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории бепоёни худро ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии ҳамаҷониба дар татбиқи лоиҳа ва рушди устувори соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак изҳор менамоям. Амалисозии лоиҳаи мазкур ба мисли дигар лоиҳаҳои дар гузашта татбиқгардида самарабахш хоҳад буд,-афзудааст ӯ.
Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар самти беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 “Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардидааст.
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР, Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1300 (ратификатсия) тасдиқ гардида, аз 29 марти соли 2019, №5-5-360 аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудаст.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумии Лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ афзуда, ки амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар, ёрдамчии вазири тандурустӣ Дилором Содиқова, сардори шӯъбаи идоракунии Лоиҳа, бахши иҷтимоӣ, Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Эико Изава, роҳбари бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Раза Фаррух, роҳбари Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Марта Эверард, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода, шарикони рушд, роҳбарони як қатор раёсат ва муассисаҳои зерсохтори вазорат, менеҷерони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ ва рӯзноманигорон иштирок намудаанд.