Роҳпаймоии идона дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевПарк им Фирдавси
Парк им Фирдавси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 10 август ба муносибати Рӯзи варзишгарон дар Боғи Фирдавсии пойтахт таҳти унвони “Бо Пешвои варзишпарвари худ ифтихор дорем” роҳпаймоӣ баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар чорабинии идона собиқадорони соҳа, варзишгарони наврасу ҷавон ва аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар ширкат карданд.

Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоми Президенти Тоҷикистон: теннисбозони хориҷӣ барои 10 ҳазор сомонӣ рақобат хоҳанд кард

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳозиринро бо иди касбиашон таҳният гуфта, иброз доштаст, ки дар рӯзи варзишгарон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоти роҳбарон бо варзишгарон ва чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ баргузор шудаанд.

Ӯ таъкид намудааст, ки маҳз зери ғамхориҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ варзиш дар кишвар рушд мекунаду Душанбе мизбони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст.

Кумита хабар дод, ки қабл аз роҳпаймоии идона, чун анъана варзишгарону сокинони пойтахт машқҳои субҳгоҳӣ иҷро карданд.

Ин ниҳод зикр намудааст, ки рӯзи варзишгарон бори аввал 18 июли соли 1939 дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил шуд. Сипас, ин ҷашн рӯзи шанбеи дуюми моҳи август муайян гардид. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон дар ҷумҳурӣ 10 август ҷашн гирифта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0