ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Шаш мошини боркаш дар масири Тирмиз – Душанбе - Қошғар ба ҳаракат даромаданд, хабар дод Sputnik Узбакистон бо такя ба Вазорати нақлиёти ин кишвар. Манбаъ ҳадафи ин иқдомро вусъати ҳаракати мошинҳо ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон хондааст.
Масофаи хатсайри ҳаракати мошинҳо 1422 километрро ташкил медиҳад. Мошинҳои боркаш аз маркази логистикии Termez Cargo Centre аллакай ба ҳаракат даромаданд.
Termez Cargo Centre дар вилояти Сурхондарё воқеъ буда, имкони қабули то 300 мошини боркаш дар як вақтро дорад. Сентябри соли гузашта корхонаи муштараки Узбакистону Чин “Silk Road International” ба интиқоли бор аз Чин ба Афғонистон тариқи масири Тошканд – Андиҷон – Ош – Иркештам – Қошғар оғоз карда буд.
Моҳи март Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон санад барои густариш додани имконоти транзитии кишварашро ба тасвиб расонда буд, ки ин ҳуҷҷат аз ҷумла роҳандозии ҳамлу нақл дар масири Узбакистон – Тоҷикистон – Чинро пешбинӣ кардааст.