ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, вайронкунандагони қонун ба маблағи 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.
“Ҳамчунин аз ҷониби масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 313 тонна бори аз меъёр зиёд аз воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои боркашонӣ фароварда шуд, ки аз ин 152 тонна танҳо ба моҳи июни соли равон рост меояд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Суҳроб Мирзозода.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи роҳҳо ва ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм дар роҳҳои кишвар нигаронӣ кард.
Раисиҷумҳур дар хитоб ба Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти кишвар ҳаракати мошинҳои то 80 тоннаро дар роҳҳои кишвар зикр карда, суол гузошт, ки ин чӣ гап аст худаш, барои чӣ Хадамот кардем?
“Умуман худат вазири нақлиёт, роҳи тарафи Бадахшон ҳанӯз аз истифода доданаш як сол нагузаштааст. Ҳамин мошинҳои калонҳаҷме, ки худат меравӣ бо чашмонат мебинӣ, 80 тонна омада истодааст. Дар кадом давлати дунё ҳамин хел аст? 60 тон бор 20 тон вазни худаш. Ин чӣ гап?”, - таъкид кард Раҳмон дар хитоб ба Худоёрзода ва дастур дод, ки Хуршед Қурбонзода аз вазифаи сардори Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт барканор шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи соли равон Шералӣ Ганҷалзодаро ба ҷои Қурбонзода ба мақоми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт таъин намуд.