Ҳалокати кӯдаки 6- сола дар садама

© Sputnik / Стас ЭтвешДорожные сигнальные конусы, архивное фото
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Деваштиҷ хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор рӯзи 9 - уми августи соли 2019 соати тахминан 15:10 дақиқа рух додаст.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Норак – Ваҳдат

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мусо" бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагарди хурдсолро пахш намудааст.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: 5 мусофир ҷон бохтанд

Дар хабар омадааст, ки Мирзое Мирзо соли таваллудаш 1953 сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди байни деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштиҷ, аз самти ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ба самти деҳаи Калининобод,  пиёдагарди хурдсол, Абдуғаффорова Маҳинаи 6 - сола, сокини деҳаи Муҷунро пахш намудааст.

Тойота таҳти идораи Авазови ноболиғ бо суръати 140 км/соат ба дарёи Душанбе "парид"-видео

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, аз руйи ҳодисаи мазкур феълан тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0