ВУД: дар рӯзҳои Иди Қурбон мардум зиёд мегардад, ҳангоми идораи мошин боэҳтиёт бошед

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини БДА Тоҷикистон ба ронандаҳо муроҷиат намудааст, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон ҳангоми идораи нақлиёт боэҳтиёт бошанд, чунки дар роҳҳои кишвар гаштугузори мардум ва кӯдакон зиёд аст

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар муроҷиатномааш ба ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон ҳангоми идораи нақлиёд эҳтиёткор бошанд, чунки дар ин рӯзҳои дар роҳҳои кишвар гаштугузори мардум зиёд аст.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нақлиёт нест: БДА хост, сокинон дар рӯзи сафари перзидентҳо бе зарурат ба кӯча набароянд

“Дар ин рӯзи саид аз тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд.Ронандагони муҳтарам, чун дар ин рӯз дар роҳҳо гаштугузори мардум зиёд мегардад, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошед”, - таъкид намудааст Раёсати БДА ВУД Тоҷикистон.

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ"-ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Инчунин, масъулини БДА аз волидайн хоҳиш намудааст, ки, дар ин рӯз фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Рейди шабона: БДА "лексусрон"-ҳову "тайотарон"-ҳои қонуншикани Душанберо муайян кард

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин дар муроҷиатномаи худ тамоми ҳамватанонро ба рӯзи Иди саиди Қурбон самимона табрик намуда, дар зиндагиашон файзу баракат ва осоиши рӯзгорро таманно менамояд.

Лентаи хабарҳо
0