ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, мудири бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ дод, ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар баробари Ёдгор Файзов инчунин муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Аминҷон Мирзоқандов, ёрдамчии раиси вилоят Шараф Атобеков, роҳбарияти рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, роҳбарияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Ҷумъа Ҷумаев иштирок доштанд.
Ёдгор Файзов зимни ҳисобот аз шаш моҳи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд кардааст, ки пешравиҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёд ҳастанд, лекин камбудиҳо низ вуҷуд доранд.
Ӯ зикр намудааст, ки бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоӣ ноил шудаанд.
“Ворид гардидани техника барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят, кӯмаки мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои соҳаи тандурустии вилоят, кӯмаки 8 миллион евро аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои аз нав барқарор намудани обу ташноб ва партовгоххои сахти маӣши, баргузор гардидани чорабинии муҳими иқтисодии "Помир Инвест" ин ва дигар чорабиниҳои муҳим барои ояндаи вилоят баргузор гардиданд”, - номбар кардааст Файзов дар феҳрасти дастовардҳои фаъолияти мақомот.
Ниятбеков афзуд, ки дар охир рӯзноманигорон бо Файзов суолуҷавоб оростанд, ки гузориши муфассал аз он дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят www badakhshan.tj инъикос мегардад.