ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8-уми августи соли 2019, тахминан соатҳои 14:00, дар роҳи ноҳияи Ховалинг садамаи нақлиётӣ рух дод.
Бар хабари манбаъ, Қосимов Шарифхони 31- сола ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг дар назди мавзеи Куталхуштаки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 50-метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Латифов Файзалии 54- сола, сокини деҳаи Шугнов, Назарова Қатраи 21-сола, донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Садамаи маргбор: "Нисан" чаппа шуд ва се нафар ҷон бохтанд
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Одинаева Моҳлиқо Файзалиевна, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Шугнов, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, рӯзи 8-уми августи соли равон, тахминан соати 00:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Умаров Тоҷибойи 57- сола , ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навобод ба самти деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Навбаҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Менглиқулова Сабринаи 3 - сола, сокини деҳаи Қизилнишонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.