ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ба мамнуият нигоҳ накарда, қариб ҳамаи мардони вилояти Самарқанд ду зан доранд, менависад, UPL.uz.
Чуноне маълум шуд, беш аз панҷ ҳазор марди вилояти Самарқанд, зани дуюм доранд.
Бино ба гузориши нашриёт ин мардон аз зиндон шудан ба муддати то се сол, ҳарос надоранд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қавонин, бисёрзанӣ дар Узбакистон манъ нашудааст, вале барои бисёрзанӣ ҷавобгарӣ ба монанди ҷарима ё то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Ба занони узбакистонӣ ҳуқуқи баъди талоқ дар хонаи шавҳар монданро доданд
Муносибат бо чанд зан, дар Узбакистон аксаран тариқи ниқоҳи мусалмонӣ "қонунӣ" карда мешавад.
Солии 2017 ҳукумат хостори ҷорӣ кардани ҷарима, барои рӯҳониёне шуд, ки чунин никоҳҳоро сабт мекунанд.
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дастур дода буд, ки тарҳи қонуне омода шавад, то масъалаи чандзаниро аз байн бараду ба фоидаи кӯдаконе бошад, ки дар хонаводаҳои носолим ба воя мерасанд ва аз ҳуқуқҳои зиёде маҳрум мешаванд.