ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони ноҳия баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин барномаи фарҳангӣ, нахуст миннатдории давлату Ҳукумати Тоҷикистонро барои тамоми мардуми ноҳияи Ховалинг барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар баён кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси диёр маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.
Ҳамзамон, Президенти кишвар ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш аз талошҳои сокинони ин ноҳияи мамлакат арзёбӣ кард.
“Сокинони ноҳияи Ховалинг аз чорабинии фарҳангии “Шоми Ховалинг”, ки бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома кард, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонида, дар фазои сулҳу оромии диёр бо ҳам шодию хурсандӣ намуданд”, - зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.