Раҳмон дар Ховалинг Осорхонаи Восеъро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента РТРахмон в Ховалинге открыл музей в честь таджикского героя Восеъ
Рахмон в Ховалинге открыл музей в честь таджикского героя Восеъ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар шоми дирӯз дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ  бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

Открытие парка культуры и отдыха, Государственного символа и флага в Ховалинском районе - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Раҳмон ба Хатлон: 14 лаҳзаи хотирмон аз сафари раисҷумҳур ба Ховалинг-акс

Тавре манбаъ зикр намудааст, корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли равон оғоз гардида, бинокорони маҳаллӣ тавонистанд дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бунёд намоянд.

“Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори минатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзишманд маънидод кард”- қайд намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Насиҳати Раҳмон ба кормандони меҳмонхонаи “Чилчанор” ва ваъдаи соҳибкор Каримов

Бинои Осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маҷуд аст.

Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати динии Раҳмон: аз бародарони шайтон то хони идона ва шарти анҷоми Ҳаҷу Қурбонӣ

Феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти ин қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

Ҳамчунин пайкараи ин қаҳрамон дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст.

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

Масъулин бар онанд, ки навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.

Лентаи хабарҳо
0