Нигаронии Файзов аз бефаъолиятии масъулин: аз Низомнома дарак надоранд

Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз фаъолияти комиссияи доимии танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилоят изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Комиссияи доимии танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз шаш моҳи фаъолияти худ гузориш додааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, ин нишаст бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ба ҳайси раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ВМКБ баргузор шудааст.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ифтитоҳи тарабхонаи нав дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов гуфт, киҳоро Эмомалӣ Раҳмон доим дилбардорӣ мекунад

Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷлис шаш моҳи фаъолияти комиссия мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ғуломнабӣ Собиров мудири шӯъбаи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо қайд намудааст, ки комиссия, тибқи нақша ва Низомномаи тасдиқшуда дар шаш моҳи соли 2019 фаъолияти худро ба роҳ монда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарури меандешад.

Ёдгор Файзов аз фаъолияти комиссияи мазкур изҳори нигаронӣ намуда таъкид кардааст, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд дар ин самт ҷой доранд.

"На ҳамаи аъзоёни комиссия фаъол ҳастанд ва аз вазифаҳои тасдиқшудаи Низомнома дарак доранд", - гуфтааст раиси вилоят.

Раиси вилоят гуфтааст, ки комиссияи мазкур бояд бо мардум сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор намоянд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳисоботро пешниҳод кунад.

Лентаи хабарҳо
0