Ёдгор Файзов гуфт, киҳоро Эмомалӣ Раҳмон доим дилбардорӣ мекунад

© дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ, акс аз бойгонӣЁдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ифтитоҳи тарабхонаи нав дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми ифтитоҳи тарабхонаи нав дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ВМКБ зимни ифтитоҳи тарабхона дар деҳаи Пастхуф гуфт, киҳоро Президенти Тоҷикистон доим дилбардорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Hаиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар ноҳияи Рӯшони деҳаи Пастхуф тарабхонаи боҳашаматро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, ин тарабхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Навбаҳоров Хуршед сохта шудааст. 

Зимни кушодашавӣ Ёдгор Файзов қайд кардааст, ки "ҳузури ман дар кушодашавии ин бино аз сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳама вақт соҳибкоронро дилбардорӣ мекунад, дарак медиҳад".

"Соҳибкори ҷавон Навбаҳоров, ки чунин бинои зеборо дар зодгоҳи худ сохтааст ва онро дар хизмати мардум гузоштааст, барои мо боиси ифтихор мебошад. Мақсади муроҷиати ман ба ҳамватанони бурунмарзӣ низ ҳамин буд, ки зодгоҳе, ки дар он ҷо таваллуд шудаанд, мактабе, ки онро хатм намуданд, мувофиқи имконият саҳми худро дар он гузоранд", - гуфтааст Файзов.

Ӯ афзудааст, ки дар дигар минтақаҳои кишвар соҳибкорон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд ва изҳори умедворӣ кардааст, ки соҳибкорони маҳалии вилоят низ минбаъд дар ободонии диёри худ саҳмгузор хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0