ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Қамаров, ки шаҳрванди Русия мебошад ҳамроҳи ҳамсараш бо либоси миллии тоҷикон ба мақомоти САҲШ ҳозир шуда, никоҳашонро сабт кардааст, хабар додааст маҷаллаи интернетии “Бийский округ”.
Олга Кухтитская, роҳбари мақомоти САҲШ иттилоъ додааст, ки Қамаровҳо солиёни зиёд дар Русия зиндагӣ мекунанд ва чун анъана барои интихоби ҳамсар ба Тоҷикистон мераванд. Ӯ афзудааст, се бародари дигар аз оилаи Қамаровҳо низ тӯйашонро бо риояи маросими миллӣ анҷом додаанд.
Манбаъ навиштааст, ки тоҷикон тӯйро бодабдаба мегузаронанд ва беҳтарин либосҳоро дар ин рӯз мепӯшанд. Маҷаллаи “Бийский округ” махсусиятҳои либоси тоҷиконро зикр кардааст, ки ҳар шеваи дӯхти он маънии худро дорад. Таъкид шудааст, ки дар тӯй тоҷикон маблағро барои ғизою туҳфа дареғ намедоранд.
Маҷалла зикр таъкид намудааст, ки мардони тоҷик, гарчанде солиёни дароз дар Русия зиндагӣ мекунанд, аксаран барои интихоби ҳамсар ба Тоҷикистон мераванд ва ҳамватанро ҳамраҳи зиндагияшон қарор медиҳанд. Бисёри мардони тоҷик бар инанд, ки зан набояд кор кунад, бештар машғули тарбияи фарзандон бошад ва таъминоти моддии хонавода масъулияти мард мебошад, навиштааст “Бийский округ”.
Олга Кухтитская таъкид намудааст, ки зимни сабти никоҳи шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ талош мекунанд, тамоми нозукиҳои фарҳангӣ ва миллияшонро риоя кунанду ҷузъиётро бо худи навхонадорон дар рӯзи пешниҳоди ариза баррасӣ мекунанд.