ДУШАНБЕ, 5 авг - Sputnik. Тибқи қарори маҷлиси Шӯрои уламо, ки рӯзи сеюми август қабул шуд, ҳаққи узвияти масоҷиди ҷомеаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби хайрияҳои иди саиди Қурбон ба миқдори 600 сомонӣ муайян шудааст.
Шӯро қарор кардааст, ки маблағи мазкур ба хазинаи Маркази исломӣ супорида шавад ва назорати иҷроиши банди мазкурро ба зиммаи мудири хоҷагии Маркази исломӣ, Муҳаммадӣ Қурбонов вогузор намудааст.
Инчунин бар асоси иттилои Шӯрои уламо, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси ин ниҳод зимни ҷаласа изҳор доштаст, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 11-уми август рост меояд.
Аъзои Шӯро, таҳти раёсати Абдулқодирзода қарор кардаанд, ки намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз имомхатибон талаб кардаст, ки “дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд”.