Раиси вилоят ба масҷид рафта, намозгузоронро бо иди Қурбон шодбош гуфт

© Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти СуғдРаиси вилоят барои шодбошии мардум бо иди Қурбон ба масҷид рафт
Раиси вилоят барои шодбошии мардум бо иди Қурбон ба масҷид рафт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода дар табрикоти худ қайд кард, ки иди Қурбон - иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, буда, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  рӯзи 21 август, дар намози иди Қурбон дар масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд ширкат карда, намозгузорон ва мардуми вилояти Суғдро бо иди Қурбон шодбош гуфтааст. Дар ин бора дафтари  матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Зимни ироаи паёми табрикотӣ раиси вилоят  қайд кард, ки дар Тоҷикистон иди Қурбон ҳамчун иди аҷдодӣ таҷлил мегардад. Зеро ин иди меҳрубониву вафодорӣ, садоқат, покию равшанӣ, таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷҷи акбар ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва муслиминро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ ёдрас мешавад, ки дар иди Қурбон дар 104 масоҷиди вилоят намози ид барпо шуд.

21 август сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро таҷлил карданд. Иди Қурбон — яке аз ду идҳои асосии мусалмонон мебошад, ки рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи таҷвими қамарӣ таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин моҳ мусалмонон барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар ба зиёрати Каъба сафар карданд.

Лентаи хабарҳо
0