ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ хориҷ аз ин кушторгоҳҳо аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар кардааст.
Куштори чорво дар бахши маскунии шаҳр акидан мамнуъ шуда ва танҳо дар кушторгоҳҳое муҷоз аст, ки ному нишонашонро шаҳрвандон метавонанд аз раҳбарони маҳаллаҳову ноҳияашон дарёфт кунанд.
Шаҳрдорӣ барои забҳи чорво 93 кушторгоҳ ташкил карда, ки аз он 20 кушторгоҳ дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ, 17 то дар ноҳияи Шоҳмансур, 15 то дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 41 кушторгоҳ дар ноҳияи Сино ҷой доранд.
Пеш аз ин Рустам Эмомалӣ раҳбарони ноҳияҳо, Маркази назорати давлатии беҳдоштиву эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии домпизишкиро муваззаф карда, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳо дар шаҳри Душанбе кушторгоҳҳои муваққатии чорворо ташкил намоянд.
Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии шаҳрдорӣ, чорвои қурбонӣ дар кушторгоҳҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Комбинати гӯшту консерва" дар хиёбони Фучик, 4, ширкати «Ангара» дар маҳаллаи "Роҳи нав", "Маҷмаъаи байторӣ" дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кушторгоҳи "Ёвар-11" дар ноҳияи Рӯдакӣ забҳу фурӯхта хоҳад шуд.
Ҳамчунин қарор шуда, ки аз 26 август то 5 сентябр назди бозорҳои шаҳрӣ фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ва маҳсулоти кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд.