Афзоиши хабарҳои говдуздӣ дар пасманзари болоравии нархи гӯшт

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкГорное пастбище в Рогунском районе, архивное фото
Горное пастбище в Рогунском районе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати ҷадиди чорводуздӣ хабар додааст, ки ин дафъа дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух додааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, марди 58-сола, сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз дуздидани чорвои калони шохдораш хабар дод.

Заседание правительства Таджикистана 29 декабря 2014 года. Фото: пресс-служба президента РТ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат барои таъмини арзонии гӯшт: вазир гуфт, нарх бояд поин равад

Ҷабрдида таъкид кардааст, ки 31-уми июли соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш 1 сар чорвои калони шохдор бо арзиши 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар занони 54 ва 30-солаи сокинони деҳаи Қурғонча бо гумони дуздии чорвои мазкур дастгир карда шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Тайи моҳҳои охир Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дуздии даҳҳо сар чорвои калони шохдор дар навоҳии гуногуни кишвар хабар дод.

Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад

Ин дар ҳолест, ки нархи гӯшт дар кишвар боло рафта, феълан килои он дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 50-55 сомонӣ нарх дорад.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва гарон шудани нархи ғизои чорво рабт дод.

Ҳикматуллозода иттилоъ дод, ки дар пайи таҳлили вазъи бозор, Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки барои соҳибкорони ватанӣ зимни воридоти хӯроки чорво сабукиҳо ироа кунад. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки аз 1 август мавриди амал қарор гирифтааст, хӯроки чорво ба кишвар бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид мегардад.

Вазир муътақид аст, ки ин иқдом барои поин бурдани нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0