ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва гарон шудани нархи ғизои чорво рабт дод.
Ба гуфтаи вазир, нархи ҳайвоноти чорпои хонагӣ ба далели боло рафтани арзиши хӯроки чорво, аз ҷумла кунҷора афзоиш ёфтааст.
Ҳикматуллозода иттилоъ дод, ки дар пайи таҳлили вазъи бозор, Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки барои соҳибкорони ватанӣ зимни воридоти хӯроки чорво сабукиҳо ироа кунад. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки аз 1 август мавриди амал қарор гирифтааст, хӯроки чорво ба кишвар бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид мегардад.
Вазир муътақид аст, ки ин иқдом барои поин бурдани нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Феълан килои гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 50-55 сомонӣ нарх дорад.
Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гӯшт дар бозорҳо ҳаст, аммо нарх каме боло рафтааст. Вазири кишоварзӣ болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талабот ва хуб шудани вазъи мардум рабт дод.
“Вазъи некуаҳволии мардум хуб шудааст. Вақте вазъи некуаҳволӣ хуб шуд, мо ба маҳсулоти бештар ниёз дорем”, - изҳор дошт Сатторӣ.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ дар тайи шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 73 ҳазору 996 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз ё 3681 тонна зиёдтар мебошад.