ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Конфедератсияи футболи Осиё ин тасмим ба иштироки Маҳкамов дар бозиҳое рабт дорад, ки анҷомашон пешакӣ маслиҳат мешудааст.
Абдуазиз Маҳкамов, дарвозабони тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол қаблан дар ҳайати дастаҳои “Хуҷанд” ва “Парвоз” бозӣ мекард. Ӯ аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати дастаи “Алай”-и шаҳри Оши ҷумҳурии Қирғизистон ҳунарнамоӣ дошт. Маҳкамов дар ҳайати "Алай" ду бор қаҳрамони Қирғизистон шуда буд.
Кумитаи интизомӣ дар баробари Маҳкамов инчунин Владимир Веревкин ва Илёс Алимовро барои маслиҳати пешакӣ ва таъсир ба натиҷаи бозиҳои тими “Алай” дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар мавсимҳои 2017 ва 2018 гунаҳкор донистааст.
Инчунин Курсанбек Шератов низ дар маслиҳати пешакӣ барои таъсир ба натиҷаи бозиҳои тими “Дордой”-и шаҳри Бишкек гунаҳкор дониста шудааст. Ба иттилои Кумитаи интизомӣ Шератов маслиҳатҳои қаблиро дар мавсими соли 2017 ҳангоми бозиҳои тими “Дордой” дар Ҷоми КФО анҷом додааст. Ҳадафи ин футболбоз аз маслиҳатҳои пешакӣ дастгирии маблағгузориҳои букмекерӣ будааст.