Сабқат барои Ҷоми конфедератсияи Осиё: “Хуҷанд” тими “Истиқлол”-ро шикаст дод

© © ФФТФутбольный клуб "Худжанд"
Футбольный клуб Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 19 июн бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи “D” баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Нападающий душанбинского «Истиклола» и национальной сборной страны Дилшод Восиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Восиев “Истиқлол”-ро тарк кард

“Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми дидор тавассути голи задаи капитани тими мизбон Ҷаҳонгир Эргашев кушода шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозингари тими Душанбе Ҷалил Кимсанов ҳисобро баробар кард. Турсуналӣ Рустамов қабл аз танаффуси дастаҳо ҳисобро ба фоидаи тими Хуҷанд афзуд – 2:1. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 64-ум боз ҳам ҳисобро баробар кард”, - гузориш дод манбаъ.

Кумита таъкид кард, ки голи пирӯзиро Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Матч Истиклол - Алай - Sputnik Тоҷикистон
Се бар ду: пирӯзии "Истиқлол" ба тими "Алай"-и Қирғизистон

Кумита тавзеҳ дод, ки ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр “Олтин Асир” бо 9 хол дар ҷои аввали ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюм, “Дордой” бо 5 хол дар мақоми охир ҷойгиранд.

Манбаъ афзуд, ки бозиҳои даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 26 июн доир мегарданд. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе “Олтин Асир”-ро қабул мекунад, “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо “Дордой” вомехӯрад.

Лентаи хабарҳо
0