Муроҷиатномаи Вазорати рушди иқтисод дар мавриди Кодекси нави андоз

© Фото : Джахонгир ИркаевВ Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон кард, ки бароияи таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар вазорати мазкур зергурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо нашри як эълон аз шаҳрвандон даъват намуд, ки пешниҳодҳояшонро ба суроғаи электронии “nfo@medt.tj” равон кунанд.

Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Ду моҳ вақт: аз радди хоҳишҳои Давлатзода то амр ва шунидани фикри мардум дар бораи андоз

“Бо мақсади ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ватанӣ, соддагардонии маъмурикунонии андоз ва оммафаҳм намудани он, инчунин нисбатан беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз соҳибкорону сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодҳои худро ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо манзур намоед”, - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бар асоси амри раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи махсуси корӣ барои таҳияи Кодекси нави андоз таъсис дода шуд. 

Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноии Гулмирзоев, мақомдори андоз барои порагирӣ

Ба иттилои Вазорат, ин гуруҳ тибқи амри раисиҷумҳур аз 20-уми июни соли 2019 ташкил ёфта, ахиран ҷаласаи корияш таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон ва вазирону раисони дигар баргузор шуд.

Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки зимни  таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандон бояд ба инобат гирифта шаванд.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, феълан сомонаи махсус - www.kodeks2020.tj, фаъол карда шудааст, ки мардуми кишвар, андозсупорандагон метавонанд пешниҳодҳои худро тариқи он ироа кунанд. Манбаъ афзуд, ки муҳлат барои пешниҳодҳо то 1 сентябри соли равон муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0