ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси амри раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи махсуси корӣ барои таҳияи Кодекси нави андоз таъсис дода шуд.
Ба иттилои Вазорат, ин гуруҳ тибқи амри раисиҷумҳур аз 20-уми июни соли 2019 ташкил ёфта, ахиран ҷаласаи корияш таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон ва вазирону раисони дигар баргузор шуд.
Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки зимни таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандон бояд ба инобат гирифта шаванд.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, феълан сомонаи махсус - www.kodeks2020.tj, фаъол карда шудааст, ки мардуми кишвар, андозсупорандагон метавонанд пешниҳодҳои худро тариқи он ироа кунанд. Манбаъ афзуд, ки муҳлат барои пешниҳодҳо то 1 сентябри соли равон муқаррар шудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таъкиди зарурати таҳияи Кодекси нави андоз гуфт, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз борҳо хоҳиш кардааст, ки теъдоди нозирон дар кишвар зиёд карда шаванд.
“Роҳбари Кумита ҳар вақт пешниҳод мекунанд, ки кормандони андозро зиёд кардан даркор. Ана буҷет 400 миллион буду, ҳозир 24 миллиард шудаст, кормандонро зиёд даркор, мо ба ҳамаи ҷо намерасем”, - изҳор дошт Раҳмон аз қавли Давлатзода.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни радди ин пешниҳод таъкид кард, ки баръакс кормандонро камтар кардан зарур аст.
“Баръакс кам кардан даркор. Бо низоми нави рақамӣ, низомҳои муосир пеш рафтан даркор аст. Методҳои куҳна тамом”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур Ҳукуматро муваззаф кардааст, ки барои саноатикунонии кишвар ва татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ кунад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки кор дар ин самт аз ҳозир оғоз карда шавад ва зарур донист, ки фоизҳои андозҳо низ камтар карда шаванд.