ВУД: се нафар аз беэҳтиётӣ ғарқ шуданд

CC0 / Pixabay / Мальчик купается в воде на закате, архивное фото
Мальчик купается в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки давоми ду рӯзи аввали моҳи август дар кишвар се нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 2-юми августи соли 2019, тахминан соати 15:45-дақиқа, марди 23-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ кардан дар кӯли "Мехкарер", воқеъ дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш ғарқ шудааст. Манбаъ афзуд, ки феълан ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҷоти духтари 19-сола аз дарёи Сир: хабар расид, ки мехоҳад худро ба дарё андозад

Ҳодисаи дигари ғарқшавӣ 1 августи соли равон рух додааст, ки қурбонӣ – духтарчаи 10-сола мебошад.

"Рӯзи 1-уми августи соли 2019, тахминан соати 16:00, ноболиғ, духтараки 10-солаи сокини деҳаи Пешқадами ноҳияи Панҷ, ки ба хонаи аммааш ба шаҳри Левакант ба меҳмонӣ рафта буд, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи Вахш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин рӯзи аввали августи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, марди 41-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Истиқлоли шаҳри Левакант аз беэҳтиётиаш ғарқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол ВУД аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарёҳо ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0