Наҷоти духтари 19-сола аз дарёи Сир: хабар расид, ки мехоҳад худро ба дарё андозад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкОбъявление "купаться запрещено", архивное фото
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
5-уми апрели соли равон ба бахши навбатдории воҳиди вокуниши сареъи вилояти Суғд хабар расид, ки духтари ҷавоне мехоҳад худро ба дарёи Сир андозад

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 5 апрел наҷотдиҳандагони ниҳод духтари ҷавонеро аз ғарқшавӣ ба дарёи Сир наҷот доданд.

Бино бар иттилои манбаъ, 5-уми апрели соли равон ба бахши навбатдории воҳиди вокуниши сареъи вилояти Суғд хабар расид, ки духтари ҷавоне мехоҳад худро ба дарёи Сир андозад.

"Дар як лаҳзаи кутоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки духтарро аз об берун кашанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Мост в Фанских горах Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда се кӯҳнаварди ноболиғро наҷот доданд

Маълум шуд, ки ин духтар 19 сол дошта, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд будааст.

То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонданд ва баъдан ба бемористон интиқол дода шуд. 

Сабаби ба худкушӣ даст задани духтар маълум нест.

Аммо кумита аз сокинон даъват мекунанд, ки дар мушкилиҳои дучоршудаашон роҳи наҷотро дар худкушӣ наҷуста, барои ҳалли он талош кунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна ҳодисаҳо на аввалин бор аст, ки рух медиҳанд. Бар асари амали фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо нафар аз хатарҳои маргбор наҷот дода шудаанд. Аксари онҳо кумакҳои аввалияи тиббиро низ аз кормандони бахши наҷот дарёфт мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0