Қиматфурӯшӣ баробари худкушист: Раҳмон ба тоҷирон аз оташи сӯзон ҳушдор дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати фарорасиии моҳи шарифи Рамазон аз қиматфурӯшии бархе аз тоҷирон изҳори ташвиш кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш гуфт, тибқи мушоҳидаҳо баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт ва беасос баланд мебардоранд.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд?

“Бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадисҳои пайғомбари Исломро қироат кард, ки ба қиматфурӯшону аҳли байташон рабт дорад.

“Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар ки нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад”, - ҳадис овард Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар идома гуфт, паёмбар дар ҳадиси дигар тоҷири қиматфурӯшро ба шахси худкушикарда баробар донистааст.

Ярмарка для милиционеров в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешгирии гароншавии нархҳо дар Рамазон: ташкили ярмаркаҳои арзон бо қарори Рустам Эмомалӣ

 “Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”, - ҳадис овард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳушдорҳо ва иқтибоси раисиҷумҳур аз ҳадисҳои Паёмбар дар ҳолест, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла нархи килои гӯшт аз 45 сомонӣ гузаштааст, ки ин раванд боиси нигаронии мардум шудааст.

Лентаи хабарҳо
0